Март 04, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  •  Эрон ; ҷузви кишварҳои бартари илми Генетика

Дабири ҳафдаҳумини Конгресси байналмиллалии Генетика гуфт : Эрон дар илми Генетика ҷузви кишварҳои бартари минтақа ва ҷаҳон аст .

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Садо ва Симо,Маҳмуди Тулоӣ дабири илмии ҳафдаҳумини Конгресси миллӣ ва панҷумин Конгресси байналмиллали Генетика зимни эъломи инки Эрон дар илми Генетика ҷузви кишварҳои бартари минтақа ва ҷаҳон аст, гуфт : Эрон дар ҳавзаи илми Генетика дар рутбаи 14 то 18 ҷойгоҳи ҷаҳонӣ қарор дорад .
Тулоӣ афзуд : Эрон саҳми 17 дарсадӣ дар тавлиди доруҳои биотехнологӣ ва биотехникӣ дар сатҳи минтақа дорад ва содироти ин доруҳо ба Аврупо ва кишварҳои аврупоӣ анҷом мешавад ва барои иртиқои илмӣ бояд ба табодули донишу иттилоот бо донишмандони кишварҳои мухталиф бипардозем .
Панҷумин Конгресси байналмилалӣ ва ҳафдаҳумини Конгресси миллии Генетика 8 март дар Теҳрон баргузор мешавад .
Устодоне аз кишварҳои Ҳоланд, Олмон Испания, Италия, Амрико, Чин, Маҷористон, Ироқ ва Туркия ба сурати ҳузурӣ ва маҷозӣ дар ин ҳамоиш ҳузур хоҳанд дошт.
Нақши Генетика дар амнияти ғизоӣ, ахлоқ, қонун,қонуни ҷавонии ҷамъият, чолишҳо ва роҳкорҳо, тиҷорисозӣ ва фанноварӣ дар ҳавзаи Генетика аз меҳварҳои ин ҳаиоиш аст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп