Март 04, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон

Сарпарасти Идораи кулли шибҳи қораи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз ифтитоҳи бузургтарин маркази тиҷории Эрон дар Афғонистон хабар дод.

Муҳаммадсодиқи Қаннодзода, сарпарасти Идораи кулли шибҳи қораи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо баён инки Афғонистон аз шарикони роҳбурдии Эрон аст, гуфт: Имрӯз бо ҳузури ҳайати тиҷории 70 нафараи Эрон, бузургтарин маркази тиҷории Эрон дар Кобул ифтитоҳ мешавад.

Қаннодзода гуфт, маркази тиҷории Эрон дар як бинои тиҷории 11 табақа, ки тамоми имконоти лозим барои фаъолиятҳои тиҷорӣ дорад.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир 30 то 40 ширкат барои истиқрор дар ин марказ эълом омодагӣ кардаанд.

 

 

Барчасп