Сардор Гударзӣ: Амнияти пойдори Эрон дар олитарин дарҷот байни кишварҳои ҷаҳон аст
Фармондеҳи марзбонии нерӯи интизомии Эрон гуфт: Омодагии рӯзафзуни нерӯҳои мусаллаҳ боис шуда Эрон аз назари барқарории амнияти пойдор дар олитарин дарҷот байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қарор бигирад.
Сардор Аҳмадалии Гударзӣ, фармондеҳи марзбонии нерӯи интизомии Эрон рӯзи шанбе дар маросими оғози размоиши «Иқтидор ҳашт»-и марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи умумии Деҳлурон,устони Илом (ғарби Эрон) гуфт, размоиши «Иқтидор ҳашт» ҳомили паёми сулҳ ва дӯстӣ барои ҳамсоягон ва намоиши қудрати марзбонони ғаюр ва ҷон бар кафи Эрони исломӣ барои ҳаросат аз марзҳои тӯлонии Эрони исломӣ аст.
Вай бо таъкид бар инки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон иҷоза кӯчактарин ҷасоратро ба душманон барои зарба задан ба амнияти Эрон нахоҳанд дод, тасреҳ кард, ҳамкории марзнишинон бо нерӯҳои марзбонӣ боис шуда душманон бо вуҷуди таҳаррукоти мутааддид натавонанд халале ба амнияти пойдори Эрони исломӣ ворид кунанд.
Размоиши «Иқтидор ҳашт»-и марзбонии Ҷумҳурии исломӣ аз Пулдашти Озарбойҷони Ғарбӣ (шимоли ғарби Эрон) то минтақаи умумии Ҳурулҳувайза дар Хузистон (ҷануби Эрон) бо ҳузури беш аз панҷҳазор нафар аз нерӯҳои марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (шанбе) оғоз шуд.