Дидори мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо раисиҷумҳури Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99220-Дидори_мудири_кулли_Ожонси_байналмилалии_энержии_атомӣ_бо_раисиҷумҳури_Эрон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳифзи истиқлоли ожонс ва риояти ҳуқуқи миллати Эронро лозимаи ҳамкориҳои дутарафа донист.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 04, 2023 21:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо раисиҷумҳури Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳифзи истиқлоли ожонс ва риояти ҳуқуқи миллати Эронро лозимаи ҳамкориҳои дутарафа донист.

Муҳаммад Ҷамшедӣ, муовини сиёсии раисиҷумҳури Эрон дар “Твиттер” навишт: Саидиброҳими Раисӣ дар дидори Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамкориро амре ду тарафа донист, ки бар асоси ҳифзи истиқлоли ожонс ва иҳқоқи ҳуқуқи миллати Эрон метавонад идома ёбд.

Ба навиштаи вай, Гросси низ дар дидор бо Раисӣ  аз ҳусули дастури кории муштарак бар сар иқдомоте барои ҳамвор кардани масири ҳамкориҳо ибрози хурсандӣ кард.

Гросси, ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳур ва раиси Созмони энержии атомӣ ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дидору  гуфтугӯ кард.