Март 05, 2023 12:23 Asia/Dushanbe
  • Тавони амалиётии неруҳои марзбонии Эрон дар размоиши иқтидори ҳашт
    Тавони амалиётии неруҳои марзбонии Эрон дар размоиши иқтидори ҳашт

Неруҳои марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар размоиши иқтиоди ҳашт тавони амалиётии худро дар минтақаи марзи Деҳлурони устони Илом наздики марзи Ироқ ба намоиш гузоштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон размоиши иқтидори ҳашти марзбонии Эрон дар Деҳлурон бо ҳадафи намоиши ваҳдати фармонҳеди ва инсиҷоми неруҳои амалкунанда баргузор шуд ва ин размоиш иқтидори марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба намоиш гузошта аст.

Размоиши ду рузаи иқтидори ҳашти марзбонии Эрон аз Пулдашти Озарбойҷони ғарби то минтақаи умумии Ҳурулҳувайза дар Хузистон бо рамзи ё Маҳди(а) идома дорад ва беш аз панҷ ҳазор нафар аз неруҳои марзбонии Эрон дар ин размоиш ҳузур доранд.

Генерал Аҳмади Гударзи, фармондеҳи марзбонии Эрон гуфт яке аз муалифаҳои аслии барқарории амният дар кишварҳо иҷрои размоиш аст ва неруҳои мусаллаҳи Эрон бар асоси тақвими кор размоишҳои худро дар минтақаҳои мухталифи Эрон баргузор мекунанд.

Барчасп