Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзуъи масмумияти донишомӯзон ҷинояти бузург аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мавзуъи масмумияти донишомузон дар Эронро як ҷинояти бузург ва ғайриқобили иғмоз донистанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз кошти се ниҳол ба мавзуъи масмумияти донишомузон ишора карданд ва бо таъкид бар ин ки масъулон ва дастгоҳҳои иттилоъоти ва интизомӣ бояд бо ҷиддият онро дунбол кунанд гуфтанд: Ин мавзуъ як ҷинояти бузург ва ғайриқобили иғмоз аст ва агар касони дар ин моҷаро даст дошта бошанд бояд авомил ва мусабибини он ба ашади муҷозот бирасанд.
Ҳазрати оятулло Хоманаӣ ин мавзуъро ҷиняот дар ҳаққи маъсуминтарин аносури ҷомеъа яъне кӯдакон ва ҳамчунин сабаби ноамнии равони ҷомеъа ва нигаронии хонаводаҳо донистанд ва хотирнишон карданд: Ҳама бидонанд агар касони ба унвони авомили ин ҷиноят шиносоӣ ва маҳкум шаванд ҳеҷ авфи дар мавриди онҳо нахоҳад буд зеро бояд ба ашадди муҷозот бирасанд то мояи ибрати дигарон шавад.
Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин дар бораи иллати кошти се ниҳол ба шиъори имсол рузи дарахткори бо унвони ҳар эронӣ се ниҳол ишора карданду гуфтанд: Агар бар асоси шиъор интихоб шуда ҳар эронӣ се ниҳол бикорад барномаи давлат барои кошти як миллиар ниҳол аз соли 1402 ва дар тули чаҳор сол муҳақақ хоҳад шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба амаҳияти мавзуъи ниҳолкори дар ҳифзи муҳити зист ишора карданд ва бо таъкид бар ин ки бо кумаки мардум икони таҳаққуқи кошти як миллиард ниҳол вуҷуд дорад афзуданд: Тавсияи муахассисон ва коршиносон ин аст, ки илова бар кошти дарахтҳои мевадор бояд дарахтони ҷангалӣ ва дарахтоне, ки чуби онҳо дорои аҳамият аст низ кошта шаванд зеро тиҷорати чуб дар иқтисоди кишвар таъсири босазои дорад.
Эшон хотирнишон карданд: Натиҷаи иқтисоди такмаҳсули вазъияти кунунии кишвар аст, ки дар заминаҳои арзиши пули миллӣ ва таварум ва герони дорони мушкилот аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба талоши масъулон барои ҳалли мушкилот гуфтанд: Масъулин бояд аз ҳамаи роҳҳои мумкини иқтисодӣ истифода кунанд то битавонанд барои ҳалли мушкилоти мардум ба роҳи ҳалли дурусти бирасанд.