Интиқоди Эрон аз рӯйкарди сиёсӣ дар мавриди парвандаи кимиёии Сурия
Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт : Рӯйкарди сиёсӣ дар мавриди парвандаи кимиёии Сурия як стратегияи шикастхурда аст, ки раванди ҳаллу фасли масоилро ба хатар меандозад .
Ҷумҳурии исломии Эрон бо Сурия ҳамкории роҳбурдӣ дорад ва ҳимояти Теҳрон аз давлати қонунии ин кишвар дар тӯли буҳрони Сурия ва кумак ба давлати Асад дар фароянди мубориза бо гуруҳҳои мухталифи террористӣ баёнгари ин амр аст .
Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, Амир Саиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои Амният дар мавриди парвандаи кимиёии Сурия гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони қурбонии аслии силоҳҳои кимиёӣ истифода аз ин силоҳҳо тавассути ҳар касе, дар ҳар макону таҳти ҳар шароитеро ба шиддат маҳкум мекунад .
Еревонӣ бо баёни инки истифода аз силоҳҳои кимиёӣ ҷиноят алайҳи башарияту нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст, тасреҳ кард : Эрон нигарон баҳрабардорӣ ва сиёсӣ кардани Конвенсия ва Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ аст, ки боиси ихтилофи байни кишварҳои узв ва тазъифи эътибору машрӯъияти созмон шудааст .
Еревонӣ гуфт : Эрон аз гуфтугуи созандаи байни Сурия ва Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ дар болотарин сатҳ бо як чорчӯби замонии мушаххас барои ҳалли масоили боқимонда ва дар ниҳоят баста шудани парванда ҳимоят мекунад .
Ӯ бо таъкид бар инки ҳар таҳқиқе бояд бетарафона, ҳирфаӣ, муътабар,айнӣ ва комилан мутобиқ бо илзомоту равияҳои Конвенсия бошад гуфт : Ташкили ҷаласоти моҳона дар мавриди парвандаи кимиёии Сурия ба рағми адами таҳаввулоти ҷадид, ки бархе аз аъзои Шӯрои Амният иддаоҳои қаблӣ алайҳи Сурияро такрор мекунанд, танҳо боиси талаф шудани манобеи СММ ва вақти ША мешавад .
Нишасти ША СММ дар бораи парвандаи кимиёии Сурия моҳона баргузор мешавад, аммо бархе кишварҳо тамоюле ба баргузарии моҳонаи он надоранд.