Март 07, 2023 13:44 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустии Эрон натоиҷи баррасии аввалияи бадҳолии донишомӯзонро эълом кард

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон натоиҷи баррасиҳову ҷамъбандии Кумитаи илмии ин вазоратхона дар заминаи бурузи бадҳолӣ дар бархе аз донишомӯзонро эълом кард.

Дар рӯзҳои гузаштаи теъдоде аз донишомӯзони мадорис дар бархе шаҳрҳои Эрон дучори масмӯмият(заҳролуд) шуданд, ки гуруҳҳои арзёбӣ ва тахассусӣ дар ҳоли баррасии иллати моҷарои ин масмӯмият ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо,Саиди Каримӣ-муовини дармони вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар бораи охирин баррасиҳои Вазорати беҳдошт дар бораи бурузи бадҳолӣ дар бархе мадорис, гуфт : Натоиҷи баррасиҳои кумитаи илмии бадҳолиҳои донишомӯзони дороии чанд бахш аст, ки бахше аз бачаҳо бо модаи муҳаррики истиншоқӣ мувоҷеҳ шуданд .
Ба гуфтаи Каримӣ як бахши дигари марбут ба донишомӯзоне аст, ки дар канори донишомӯзоне буданд, ки бо модаи муҳаррик мувоҷиҳа доштанд ва изтиробу нигаронӣ ба онҳо мунтақил шудааст ва бахши сеюм ҳам марбӯт ба касоне аст, ки аслан дар он мадрасае ки модаи муҳаррик бо теъдоде аз донишомӯзон тамос пайдо карда, ҳузур надоштанд ва аворизашони ношӣ аз осори рӯҳӣ ва равонӣ буда, ки бар онҳо гузошта шудааст .
Муовини дармони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон таъкид кард : Бачаҳое ки дар маърази модаи муҳаррик қарор доштанд, дучори алоими таҳрикӣ танаффусӣ шуданд ва ба дунболи он заъфу дили дард ва беҳолӣ барояшон эҷод шуд, ки инҳо алоими маводи муҳаррик аст.
Каримӣ тасреҳ кард : Маводи муҳаррики осебзо чанд даста ҳастанд ва маводе, ки бачаҳо бо он тамос пайдо карданд, аз навъи газҳои ҷангӣ ва кушанда набуд ва то алон мавриде аз фавти гузориш нашуда ва умдабачаҳо дар тӯли 6 соъат мурраххас шуданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп