Март 07, 2023 16:54 Asia/Dushanbe
  • Охирин вазъияти транзит дар гуфтугӯи телефонии Раисӣ ва Путин

Раисони ҷумҳӯри Эрону Русия рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии байниякдигариро мавриди баррасӣ қарор доданд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии федерасиюни Русия баъд аз зуҳри имрӯз душанбе бо оятуллоҳ Сайидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон телефонӣ гуфтугӯ кард .
Дар тамоси телефонии раиси Ҷумҳурии федерасиюни Русия бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ду тараф охирин вазъияти ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ ва бар тақвияти онҳо бахусӯс дар ҳавзаи транзити байналмиллал таъкид карданд .
Ин сеюмин гуфтугуи телефонии сарони Эрону Русия дар моҳҳои ахир аст .
Хабаргузории русии ТАСС дар ин робита навишт : Яке аз пружаҳои зерсохтии Эрону Рӯсия масири транзитии Шимол – Ҷануб аст, ки дар соли 2000 давлатҳои Эронинд ва Русия тавофуқномаи онро имзо карданд.
Солҳои баъд мушорикаткунандагон дар ин пружа ба 14 кишвар афзоиш ёфт.
Ҳадаф аз эҳдоси ин коридор интиқоли коло аз Ҳинд, Эрон ва халиҷи Форс аз тариқи Русия ба Аврупо аст .
Масири заминӣ дар муқоиса бо масири баҳрӣ ва гузар аз канали Суес 50 дарсад кӯтоҳтар будаву муҷиби коҳиши замону ҳазинаи ҳамлу нақл мешавад .
 

 

Барчасп