Март 07, 2023 17:47 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ(а)
    Табрики солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ(а)

Солрӯзи милоди ҳазрати имом Маҳдӣ(а) муборак бод.

Панҷшанбе 15 шаъбони соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо солрӯзи мелоди фархунда ҳазрати имом Маҳдӣ(а) набераи гиромии Паёмбари Акрам(с) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ(а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбонулмуъазами соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон гушуданд.

Падари бузургаворашон ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ(а) ва модарашон бонуи гироми Нарҷис(с) ном доштанд.

Ҳазрати Маҳдӣ(а) ду давра ғайбат дошт: Яке кутоҳмуддат (ғайбати суғро) ва дигари дарозмуддат (ғайбати кубро) ки аввали аз ҳангоми тавалуд то поёни даврони ниёбати хосса идома дошт ва дувуми бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳур ва қиёми он ҳазрат тул хоҳад кашид.

Сомона ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди Маҳдии Мавъуд имом Замон(а)-ро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ва дигар озодахоҳон табрик мегуяд.

Барчасп