Март 08, 2023 17:26 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҳамкориҳои амниятии сатҳи боло байни Эрону Туркия дар мубориза бо терроризм вуҷуд дорад
    Амирабдуллоҳиён: Ҳамкориҳои амниятии сатҳи боло байни Эрону Туркия дар мубориза бо терроризм вуҷуд дорад

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳузури саҳюнистҳо дар Қафқозро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи сулҳу суботи минтақа хонду гуфт: Ба ҳамаи тарафҳо ҳушдор медиҳем, ки нисбат ба рафтори ин режими ҷаълӣ ҳушмандона амал карда ва дар Қафқозу соири манотиқ пои ин режимро боз накунанд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дишаб (сешанбе) барои боздид аз манотиқи зилзилазадаи Туркия ва гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар ба Анкара сафар кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин зимни таслияти ҷонбохтгони заминларзаи ахири Туркия гуфт: Доғи Туркияро дар ин фоҷеаи инсонӣ доғи Эрон медонем.

Амирабдуллоҳиён дар идома, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Туркия дар ҳавзаи муносиботи тиҷориву иқтисодӣ, муҳити зисту манобеи обро аз муҳимтарин меҳвари ройзаниҳои худ дар Анкара унвон кард ва бо таъкид бар ҳаққи Туркияву Эрон барои дифои машруъ дар муқобила бо ҳар гунаи иқдоми террористӣ, хотирнишон кард: Терроризм аз нигарониҳои муштараки ду кишвар асту ҳамкориҳои амниятии сатҳи боло байни Эрону Туркия дар мубориза бо терроризм вуҷуд дорад.

Амирабдуллоҳиён Туркия ва Сурияро аз кишварҳои муҳим дар Ғарби Осиё донисту гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳузур дар ҳар гуна формати чаҳорҷонибаи Эрон, Русия, Туркия ва Сурия истиқбол мекунад.

 

Барчасп