Арабистон иродае барои пазириши зоирони Эрон надорад
Раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, режими Саудӣ иродае барои пазириши зоирони ҳаҷҷи умраи Эрон надорад.
Саид Авҳадӣ, раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон имрӯз дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: "Муҳокимаи ду полиси фосиди саудӣ, ки ба зоирони эронӣ дар фурӯдгоҳ дарафтода буданд ва иҷрои адолат метавонад нишонгари ин мавзӯъ бошад, ки Арабистон хоҳони эъзоми зоирони эронӣ ба ҳаҷ аст, аммо то кунун ин муҳокима анҷом нашудааст".
Раиси Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон гуфт: "Арабистон собит кардааст, ки барои ҳеч як аз қавонини маданӣ, ҳуқуқӣ ва шаръии зоирон эҳтироме қоил нест ва тамоюле ба тағйири рафторҳои хусуматомези худ надорад".
Авҳадӣ ба зоирони эронии муқими кишварҳои дигар, ки қасди эъзом ба ҳаҷҷи умраро доранд, тавсия кард, бо тавваҷуҳ ба фазои масмуме, ки саудиҳо зидди зоирони эронӣ эҷод кардаанд ва низ бо тавваҷуҳ ба ин ки Арабистон ҳеч гуна хадамоти консулӣ барои эрониён надорад, аз ҳар ҷойи дунё барои сафар ба ҳаҷ бо тааммул ва дирояти бештаре иқдом кунанд.
28 марти гузашта ду навҷавони эронӣ пас аз анҷоми ҳаҷҷи умра ва дар ҳоли бозгашт ба Эрон, дар фурӯдгоҳи Ҷадда бо мушкилоте аз сӯйи маъмурони мустақар дар фурӯдгоҳ мувоҷеҳ шуданд.
Ин дар ҳоле аст, ки масъулони Арабистон эълом карда буданд, муҷозоти сахтро барои ин ду полиси хатокор эъмол хоҳанд кард.