Март 09, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз увзои вахими инсонӣ дар Афғонистон
    Интиқоди Эрон аз увзои вахими инсонӣ дар Афғонистон

Намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Бо вуҷӯди талошҳои Созмони Миллал барои коҳиши буҳрони инсонӣ, вазъият дар ин кишвар ҳамчунон вахим аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Саъид Ирвонӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амният дар бораи вазъияти Афғонистон, маҳдудиятҳо ва мамнуъиятҳои ахири эъмол шуда бар занон ва духтарони афғон, ки монеъ аз дастарсиҳо аз омӯзиш мешавадро нигарон кунанда донист ва гуфт: Бояд муроқиб сиёсӣ шудан бо баҳра бардорӣ аз кумакҳои башардӯстона барои аҳдофи сиёсӣ бошем.

Сафиру намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо таъкид ба тасреҳи озодсозии дороиҳои масдуд шудаи мутаълиқ ба мардуми Афғонистон, афзӯд: Кумакҳои башардӯстона бояд бераҳмона ва бидуни қайду шарт ироа шавад ва рифоҳи мардуми Афғонистон дар авлавият қарор гиранд.

Ирвонӣ бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти Афғонистон, гуфт: Ҳузӯри гурӯҳҳои вобаста ба ДОИШ ва Алқоида ва ҳачунин кишт ва қочоқи маводи мухаддир,амнияти Афғонистон, кишварҳои ҳасоя ва кули минтақаро таҳдид мекунад.

Барчасп