Пайвастани киштии уқёнуспаймои эронӣ ба новгони баҳрии Сипоҳи посдорон
(last modified Thu, 09 Mar 2023 12:46:57 GMT )
Март 09, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани киштии уқёнуспаймои эронӣ ба новгони баҳрии Сипоҳи посдорон

Киштии уқёнуспаймои " шаҳид Маҳдавӣ " ба новгон(флот)и неруи дарёи(баҳри)и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамроҳ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маросиме бо ҳузури сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли ва сардор Алиризо Тангсерӣ- фармондеҳи неруии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон маросими пайвастани як нов ва чанд шиновари мӯшакандоз ба новгони неруии дарёии Сипоҳ субҳи имрӯз панҷшанбе дар Бандар Аббос ( ҷануби Эрон ) баргузор шуд .
Дар ин маросим нови уқёнуспаймои шаҳид Маҳдавӣ ва 95 шиновари мӯшакандоз, ки бурди мушакии онҳо байни 10 то 180 километр аст ба новгони неруии дарёии Сипоҳ ҳамроҳ шуд .
Ин шиноварҳо барои аввалин бор бо вижагиҳои хос ба дасти тавонманди мутахассисони дохили Эрон тарроҳӣ ва тавлид шудааст.
Шиноварҳои мӯшакандоз аз класси шиноварҳои Ошӯро ва Ториқ аст .
Имрӯз панҷшанбе ҳамчунин нови шаҳид Маҳдавӣ ҳам тавассути Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯнамоӣ шуд. Ин нови як нови комилан эронӣ, сангинандманзура ва дурбурд аст.