Суъуди тими миллии футзали Эрон ба рутбаи шашуми ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99478-Суъуди_тими_миллии_футзали_Эрон_ба_рутбаи_шашуми_ҷаҳон
Тими миллии Эрон дар радабандии тимҳои миллии футзали дунё бо як зина боло рафтан, дар радаи шашум истод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 10, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Тими футзали Эрон дар мақоми 6-и ҷаҳон
    Тими футзали Эрон дар мақоми 6-и ҷаҳон

Тими миллии Эрон дар радабандии тимҳои миллии футзали дунё бо як зина боло рафтан, дар радаи шашум истод.

Тими миллии футзали Эрон зарфи ду ҳафтаи ахир дар мусобиқоти шашҷонибаи кишвари Таиланд ширкат кард ва ба қаҳрамонии ин мусобиқот даст ёфт.

Ин унвон, имтиёзоти шогирдони Ваҳиди Шамсоӣ дар радабандии тимҳои миллии футзали ҷаҳонро ба адади 1569 расонд ва бо тавваҷуҳ ба тасовии Қазоқистон баробари Словения (дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2024), тими Эрон ба рутбаи шашуми радабандии ҷаҳонӣ суъуд кард.