Март 11, 2023 10:48 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Ветнам аз густариши ҳамкориҳо бо Эрон

Муовини вазири фарҳанги Ветнам дар дидор бо сафири Эрон дар Ханой аз густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар бавижа дар бахши синамо истиқбол кард.

Та Кванг Донг  дар дидор бо Алиакбари Назарӣ  зимни истиқбол аз имзои санадҳои ҳамкорӣ ва баргузории Ҳафтаи филм ва мусиқии Эрон дар Ветнам гуфт: Синамои қавӣ ва пешрафтаи Эрон барои мардуми Ханой бисёр ҷаззоб аст.
Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Назарӣ ҳам аз мусоидати Вазорати фарҳанги Ветнам ҷиҳати барпоии Намоишгоҳи “ Мероси Эрон,маҳди тамаддун” ташаккур кард.

Сафири Эрон дар Ханой,зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеъаи ҳамкорӣ дар 3 ҳавзаи фарҳангӣ,варзишӣ ва гардишгариро бисёр зиёд тавсиф кард ва афзуд:  Ёддошти тафоҳумҳое дар ҳар 3 мавзуъ метавонад муҷиби равнақи ҳамкориҳо бавижа дар соли 2023,ки солгарди панчоҳуми барқарории равобити дуҷониба аст,шавад.

 

Барчасп