Март 11, 2023 11:45 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои густариши ҳамкории қазоии миёни Эрону Қирғизистон

Муовини аввали қувваи қазоияи Эрону раиси қувваи қазоияи Қирғизистон роҳҳои густариши ҳамкории қазои ду ҷонибаро баррасӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатилислому валмуслимини Муҳаммади Мусаддиқӣ-муовини аввали қувваи қазоияи Эрон дар дидори раиси қувваи қазоияи Қирғизистон, ки дар ҳошияи иҷлоси руасойаи қувваи қазоияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Деҳлии нав баргузор шуд, бо ишора ба пайвандҳои фарҳангии мардуми ду кишвар, фаъолияти бештар дар заминаи дипломасии дуҷонибаи қазоӣ ва табодули таҷрибиётро хостор шуд.

Раиси қувваи қазоияи Қирғизистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба инки равобити самимона ва дӯстонаи байни ду миллат бояд дар ҳадди равобити хешовандӣ ва бародарӣ афзоиш ёбад, изҳор кард: Қирғизистон алоқаманд ба дарёфти таҷориби қазоӣ ва омухтан дар мавриди системаи қазоии Эрон аст .

Дар ин нишаст ду тараф дар мавриди эҷоди созкорҳои амалии ҳамкории қазоии Эрону Қирғизистон табодули назар карданд ва муқарар шуд иртиботу таъомул дар ин замина идома ёбад . Ҳаждаҳумин иҷлоси қазоии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи ҷумъа дар Деҳлии нав, пойтахти Ҳинд бо ҳузури намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз ба кор кард .

Дар ин нишасти дурӯза мавзӯъоте чун осониии дастрасӣ ба адолат, додгоҳҳои ҳӯшманду чолишҳоу мушкилоти дастгоҳи қазои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Барчасп