Вазири САМТ : Бахши саноъати Эрон беш аз 5 дарсад рушд доштааст
(last modified Sat, 11 Mar 2023 10:58:29 GMT )
Март 11, 2023 15:58 Asia/Dushanbe
  • Вазири САМТ : Бахши саноъати Эрон беш аз 5 дарсад рушд доштааст

Вазири саноъат, маъдан ва тиҷорат(САМТ)и Эрон таъкид кард : Бахши саноъати Эрон беш аз 5 дарсад рушд доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ризо Фотимии Амин-вазири саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо баёни инки рушди иқтисодӣ дар бахши саноъату маъдан дар кишвар афзоиш ёфтааст, гуфт : Рушди бахши саноъат дар 9 моҳи нахусти имсол ( 1401 ) аз соли қабл ( 1400 ) ва аз миёнгини рушди иқтисоди кулли кишвар бештар буда ва ин омор нишон медиҳад, ки раванди рушд дар ҳоли тадовум ва ҳаракат аст .
Вай ҳамчунин гуфт : Дар 15 соли гузашта тамаркуз дар бахши саноъат арзамеҳвар буду бештар ба самти истифода аз маҳсӯлоти паркҳои фанноварӣ ҳаракат мекардем, аммо акнун дар канори тақвияти арзаи донишбунён бояд рӯйкарди тақозомеҳварро тақвият кунем, то мутаносиб бо тақозо, санъати корҳои донишбунён шакл бигирад .

Бештар бихонед :