Баҳодури Ҷаҳрумӣ: Тавофуқи Эрон ва Арабистон муносиботи минтақаро тағйир медиҳад
(last modified Sat, 11 Mar 2023 15:23:14 GMT )
Март 11, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Баҳодури Ҷаҳрумӣ: Тавофуқи Эрон ва Арабистон муносиботи минтақаро тағйир медиҳад

Сухангӯи давлати Эрон гуфт, амният ва иқтисоди ғарби Осиёро миллатҳо ва давлатҳои минтақа, бидуни дахолати хориҷӣ месозанд.

Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” навишт:"‏Сиёсати ҳамсоягии давлати сездаҳуми Эрон, проекти ғарбӣ - ибрии инзивои Эронро ба ҳошия ронд.

Ҷаҳрумӣ афзуд, тавофуқи таърихии Эрон ва Арабистон дар Чин, пас аз силсила музокироти комилан осиёӣ, муносиботи минтақаро тағйир медиҳад.