Март 12, 2023 11:16 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии ҷудокорони Эрон дар бозиҳои байналмилалии Навруз
    Ноибқаҳрамонии ҷудокорони Эрон дар бозиҳои байналмилалии Навруз

Тими ҷудои бонувони Эрон ба мақоми ноибқаҳрамонии бозиҳои байналмилалии Навруз расид.

Рақобатҳои байналмилалии ҷудои бонувони ҷоми Навруз бо ҳузури тимҳои "А" ва "В" Эрон, Белорус, Афғонистон ва Покистон баргузор шуд.

Нахустин даври бозиҳои байналмилалии Навруз махсуси бонувон бо шиъори варзиши маънавият ва адолат ва бо ҳузури 22 кившар дар 9 риштаи варзиши дар салони баскетболи озоди ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин мусобиқот ба сурати як руза ва бо баргузории 10 мусобиқа пайгири шуд ва дар поёни ин рақобатҳо тими Беларус бо бештарин бурд унвони қаҳрамониро дар ин рақобатҳо касб кард ва тимҳои Эрон "А" ва "В" Покистон ва Афғонистон дувум то панҷум шуданд.

Тими ҷудои бонувони Белорус унвони қаҳрамонии нахустин даври бозиҳои байналмилалии Наврузро аз они худ кард ва тими миллии Эрон "А" ноибқаҳрамон шуд.

Барчасп