Март 12, 2023 12:21 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мавриди тавофуқи аз саргирии равобити Теҳрон ва Риёз
    Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мавриди тавофуқи аз саргирии равобити Теҳрон ва Риёз

Вазорати умури хориҷаи Эрон шомгоҳи шанбе дар мавриди тавофуқи аз саргирии равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ баёния мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин баёния омада аст сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷрои амалии докторини сиёсати хориҷии мутавозин, дипломосии пуё ва таъомули ҳушманд ва дар масири таҳаққуқ бахшидан ба сиёсаи ҳамсоягӣ ва дар такмили гомҳои муассири қабли, як гоми муҳими дигар ба пеш ниҳод ва дар натиҷаи музокироти фишурда ва амалгароёна тавофуқи Пеканро ба манзури қарор гирифтани равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистон дар масири табиъи муҳақақ намуд.

Ин баёния меафзояд: Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин таҳарку нишон дод дар масири таъмини манофеъи миллати Эрон ва низ миллатҳои мусалмон, дусту ҳамсояи минтақа ва ҳамчунин бакоргирии зарфиятҳои минтақави барои таҳқиқ ва таҳкими сулҳу суботи фарогир ва таъмини манофеъи муштарак ва ҷамъи давлатҳо ва миллатҳои минтақа азми ҷидди дошта ва гомҳои муассир ва ру ба пеш тароҳи карда аст.

Дар ин баёнияи таъкид шуда аст: Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози этминон нисбат ба нақш ва осори мусбати ин тавофуқ дар таъмини манофеъи муштараки ду миллати Эрон ва Арабистон ва дигар миллатҳои минтақа лозим медонад аз ибтикори мизбони ва нақши Ҷумҳурии халқи Чин дар таҳаққуқ ва низ аз нақши муассири давлатҳои дуст ва ҳамсояи Ироқ ва Уммон дар ин замина қадрдони намояд.

Барчасп