9 баробаршудани рушди иқтисодии Эрон дар сесоли гузашта
Раиси кули банки марказии Эрон аз 9 баробаршудани рушди иқтисодии Эрон дар сесоли гузашта хабар дод.
Ба афзоиши тавлиди колоҳо ва хадамоти иқтисодӣ дар як давраи замони нисбат ба давраи қабл рушд иқтисодӣ мегуянд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Порс туде, Муҳаммадризои Фарзин раиси кули банки марказии Эрон гуфт, мутавассити рушди иқтисодии Эрон дар даҳаи 90 солҳои 1391 то поёни 1399 фақат ним дарсад буда аст. Ин дар ҳоле аст ки мутавассити рушди иқтисодии Эрон дар сесоли гузашта аз нимаи дувуми 1400 то 1402 ба 4.5 дарсад афзоиш ёфта аст.
Фарзини афзуд: Рушди иқтисодии Эрон дар сесоли гузаштаи нисбат ба миёнгини 20 сола 2.7 дарсади ҳам бештар буда аст. Ҳамчунин мутавассити рушди иқтисодӣ бидуни нефти Эрон дар сесоли гузаштаи нисбат ба даҳаи 90 беш аз 3 баробар ва рушди бахши санъат низ беш аз 9 баробар шудааст. Ҳамчунин рушди ташкили сармояи собит ки дар даҳаи 90 манфии 7.1 дарсад буд дар се соли гузашта ба мусбати 6.4 дарсад расида аст.
Дар даҳаҳои ахир, таҳримҳои иқтисодӣ ба абзори барои кишварҳои зургу ва таҳти фишор қарор додан кишварҳои мустақил дар арсаи ҷаҳонии табдил шудааст аз авоили даҳаи 1990 Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар иқтисодҳои рушд ёфта, садҳо навбати таҳрими иқтисодии зидди дигар кишварҳо эъмол кардаанд.
Душманони мардуми Эрон низ аз замони пирузии инқилоби исломӣ ҳамвора бо эъмоли таҳримҳои золимонаи дар садади зарба задан ба иқтисод кишвар ҳастанд ва аз таҳрими ҳеҷ санъатӣ низ фуругузорӣ накардаанд.