Март 12, 2023 19:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷибилӣ: Эрон бо ҷанги иқтисодӣ ва шинохтӣ мувоҷеҳ аст

Раиси Созмони садо ва симои Эрон дар маросими ихтитомияи нахустин ҷашнвораи тавлидоти расонаии муовинати бурунмарзии ин созмон, ҷанги шинохтӣ ва фитнаи се моҳа ба баҳонаи қарордодани ҷойгоҳ ва шаъни зан дар фасли тирамоҳро ҷанги таркибӣ, алайҳи кишвар донист.

Маросими ихтитомияи ҷашнвораи «Субҳ» имрӯз (якшанбе) дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва симои Эрон бо ҳузури бархе аз мақомоти аршади кишварӣ ва расонаӣ баргузор шуд.

Шиори ин ҷашнвора «Як хонавода як ҳадаф» ва ҳадаф аз баргузории он, ҳимоят аз иддеаҳои тавлид барномаҳои мутанаввеъ дар ҳимоят аз мардуим Фаластин унвон шуда буд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Паймони Ҷибилӣ, раиси Созмони садо ва симои Эрон дар ин маросим изҳор кард, шабакаҳои форсизабони маонид саъй дар аз байн бурдани фарҳанг ва эътиқодот ва одобу русуми миллати Эрон доранд ва ин ҷанги фарҳангӣ нахуст бо ҷанги низомии Садом алайҳи Эрон ва ҳимоятҳои низомии Ғарб аз Садом оғоз шуд.

Раиси Созмони садо ва симои Эрон, басиҷи зарфиятҳо ва истифода аз тарҳҳои навоварона дар ростои ҷараёнсозии муассири расонаӣ дар муовинати бурунмарзии ин созмонро хостор шуд ва тасреҳ кард, булуғи расонаӣ дар муовинати бурунмарзии садо ва симои Эрон нақше муҳим ва барҷаста дар истифода аз зарфиятҳои расонаӣ барои ноком гузоштани тавтеаҳои фарҳангии душманон дорад.

 

Барчасп