Март 13, 2023 10:30 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳӯри Беларусия вориди Теҳрон шуд
    Раисиҷумҳӯри Беларусия вориди Теҳрон шуд

Раисиҷумҳӯри Беларусия дар садри ҳайати олирутба барои анҷоми сафари ду рӯза вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши Ирно Александр Лукашенко раисиҷумҳӯри Беларусия, ки бо даъвати расмии  Сайид Иброҳим Раисӣ, раисиҷуҳӯри  Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, дар  фурӯдгоҳи байналмиллалии Меҳробод мавриди истиқболи  "Сайидризо Фотимӣ Амин" вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон қарор гирифт. Қарор аст маросими истиқболи расми аз Лукашенко субҳи имрӯз (душанбе) дар маҷмаъӣ таърихӣ-фарҳангии Саъдобод баргузор шавад. Сафари раисиҷумҳӯри Беларусия ба Теҳрон ба манзури  рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва анҷоми музокира бо раисиҷумҳӯри Исломии Эрон дар бораи тарҳи санъатӣ, кишоварӣ ва ҳамлу нақлу баррасии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.

Барчасп