Декабр 18, 2016 12:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳифзи ваҳдат ва мубориза бо такфириҳо: Зарурати имрӯзи ҷаҳони Ислом

Ширкаткунандагон дар 30-умин конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон, дар баёнияи поёнии ин конфронс бар зарурати ҳифзи ваҳдати исломӣ ва мубориза бо ҷараёнҳои такфирӣ таъкид карданд.

     Ба гузориши ИРНА, дар ин баёния таъкид шудааст, ширкаткунандагон дар ин нишасти серӯза, зимни баррасии охирин таҳаввулоти кишварҳои исломӣ, иҷрои тарҳҳои зарурӣ барои бартараф шудани фосилаҳо ва сомондеҳӣ ба умури ҷаҳони Исломро хостор шуданд.

    Ширкаткунандагон дар ин конфронс, андешаи такфириро бузургтарин хатари пеши рӯи ваҳдат миёни мусулмонон дониста ва аз ҳамаи касоне, ки ба наздик шудани мазоҳиб ва ба ваҳдати гурӯҳҳои уммати Ислом эътиқод доранд, хостанд дар муқобила бо такфириҳо бикушанд.

    Бар асоси баёнияи поёнии 30-мин конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, ки дар 27 банд танзим шудааст, ширкаткунандагон дар ин конфронс, иртиботи танготанги душманони байналмилалӣ ва минтақаии уммати исломӣ бо ҷараёнҳои такфириро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва уммати исломиро ба бедорӣ, ҳушёрӣ ва басират дар муқобил ин тарҳи истеъмори ҷадид фарохонданд.

    Ибрози умедворӣ барои бозгашти ҳарчӣ сареътари субот ва амният ба Сурия ва Ироқ ва дархост аз маҷомеи байналмилалӣ барои наҷоти миллати Яман аз дигар бандҳои баёнияи поёнии ин конфронс буд.

   30-умин Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” аз рӯзи панҷшанбе бо шиори “ваҳдат ва зарурати муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ” ва бо ҳузури садҳо шахсияти барҷастаи ҷаҳони Ислом, аз 60 кишвар дар Теҳрон оғоз шуда буд.

 

Барчасп