Март 14, 2023 11:27 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёддошти тафоҳуми стандарти Эрону Беларус дар мавзӯи “ҳалол”

Ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳурии Беларус ба Эрон санади ёддошти тафоҳуми тиҷорати маҳсӯлот ва колоҳои ҳалол миёни Созмони миллии стандарти Эрон ва Кумитаи давлатии стандартсозии Беларус BELST ба имзо расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин санад, ки дар 10 банд ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи ҳалолро муайян мекунад ба имзои Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон ва Валентин Татаритский-раиси BELST расид .
Александр Лукашенко-раиси ҷумҳурии Беларус барои дидори расмии дурӯза ва гуфтугу бо мақомҳои олирутбаи Эрон, рӯзи душанбе вориди Теҳрон шуду мавриди истиқболи Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирифт .
Эрону Беларус дар солҳои ахир аз равобити хубе бархурдор будаанд, ки дар ҷаласоти муназзами сатҳи болову тавофуқоти мухталиф мунъакис шудааст.

Бештар бихонед :

 

Барчасп