Раиси Утоқи бозаргонии устони Ҳурмузгони Эрон:
Равобити тиҷории Ҳурмузгону Тоҷикистон афзоиш меёбад
Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Ҳурмузгони Эрон гуфт: Бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд дар устони Ҳурмузгон ва истиқболи тарафи тоҷик аз ин зарфиятҳо, ояндаи хубе барои густариши равобит байни ду тарафро интизор дорем.
Муҳаммадризо Сафо дар нишаст бо Маъруфҷон Абдураҳмонов, ройзани иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бандар - Аббос изҳор дошт: Аз он ҷо ки ду кишвар зарфияти бисёр хубе барои ҳамкорӣ доранд, таъкиди мо низ бар истифода аз ин зарфиятҳо барои тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст ва бидуни шак зарфиятҳои устони Ҳурмузгон барои фаъолони иқтисодӣ дар Тоҷикистони қобили тавваҷуҳ хоҳад буд.
Вай баён дошт: Зарфиятҳои устони Ҳурмузгон дар абъоди тиҷорӣ, бандарӣ, кишоварзӣ, маъдан ва ғайра метавонад фасли ҷадиде дар тавсеаи равобити тиҷории Ҳурмузгон бо Тоҷикистон эҷод намояд.
Сафо гуфт, устони Ҳурмузгон бо доштани зарфиятҳои иқтисодии беназир ва бо тавлиди анвои маҳсулоти кишоварзӣ, обзиён ва маҳсулоти боғии хориҷ аз фасл ва ҳамчунин доштани зарфияти дарвозаҳои содиротӣ, нақши роҳбурдӣ дар равнақи тавлид ва иқтисод дораду ҷазби сармоягузории хориҷӣ аз авлавиятҳои дар Утоқи бозаргонии Ҳурмузгон аст.
Сафо таъкид кард: Умед меравад, Тоҷикистон битавонад дар бахши меваву мураккабот ва ҳамчунин дар бахши обзиён аз зарфиятҳои устони Ҳурмузгон истифода намояд.
Ӯ афзуд: Мо барои густариши муносиботи тиҷории Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорем ва метавонем ба беҳтарин наҳви мумкин пазирои ҳайатҳои тиҷорӣ аз кишвари Тоҷикистон ва эъзоми ҳайати тиҷорӣ аз устони Ҳурмузгон ба ин кишвар бошем.
Маъруфҷон Абдураҳмонов, ройзани иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар идомаи ин нишаст изҳор дошт: Мо ба дунболи афзоиши муносиботи тиҷорӣ бо устони Ҳурмузгон ҳастем.
Бештар бихонед :