Март 15, 2023 09:50 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ барои ҳалли чанд парвандаи муҳим ба як кишвари арабӣ меравад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ то қабл аз поёни соли ҷорӣ ба яке аз кишварҳои арабии минтақа сафар мекунад.

Расонаи наздик ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме аз сафари дабири ин шӯро ба чанд кишвари арабӣ дар рӯзҳои оянда хабар доду ҳадаф аз ин сафарро мулоқот бо мақомоти олии он кишвар ва ҳалу фасл чанд парвандаи муҳимми амниятӣ ва иқтисодӣ унвон кард.

Ахиран дар сафари Шамхонӣ ба Чин ва музокира бо ҳамтои арабистониаш тавофуқи Теҳрону Риёз рақам хӯрд ва ду кишвар пас аз 7 сол муҷаддадан равобити худро аз сар гирифтанад.