Таҳлил: Натаняҳу алайҳи дастгоҳи қазоии Исроил
Кнессети Исроил дар иқдоми тозаи ҳамсу бо манофеъи ҷараёни рост ва Бинямин Натаняҳу, ба пешнависии қонуни манъ азли Бинямин Натаняҳу нахуствазири ин режим райи мусбат додааст.
Кнессет (парлумони режими саҳюнистӣ) душанбе шаб (13 март) , пас аз чандин соат муноқиша, дар қироати аввали худ, бо 61 райи мувофиқ ва 51 райи мухолиф бо лоиҳаи ислоҳи қазоии мадди назари Бинямин Натаняҳу нахуствҷазири ин режим мувофиқат кард. Аз маҷмӯъи 125 намояндаи Кенессет, 61 намоянда дар қироати авалия ба ислоҳоти қазоӣ райи мусбат доданд ва 51 намояндаи мухолифати худро эълом карданд. Бақия бо ғойиб будан ва ё аз додани рай имтиноъ варзиданд. Лоиҳаи ислоҳоти қазоӣ барои тасвиби ниҳоӣ ва иҷрои ниёзманди ду қироати дигар дар Кенессет аст. Ин лоиҳа ба масунияти қазоии Натаняҳу ва манъи азалии вай аз нахуствазири ба далели доштани парвандаҳое дар дастгоҳи қазоӣ мунҷар хоҳад шуд.
Ҷараёни рост аз соли 2003 то кунун дар Ирози ишғолӣ қудратро дар ихтиёр дорад. Тайи 20 соли гузашта амалан ҷараёни чап дар Ирози ишғолӣ аз қудрат хориҷ шуд ва аҳзоби чапгарое, ки боқи мондаанд қудрати чандоне надошта ва қодир ба пирӯзӣ дар муқобили ростгароён нестанд. Бинямин Натаняҳу, ки соли 2009 то 2021 ба муддати 12 соли мутаволи мақоми нахуствазириро дар ихтиёр дошт дар ҳазф ва тазъифи ҷараёни чап аз қудрат нақши пурранге ифо кард.
Тазъифи чапгароёни Исроил бо шикоф дар миёни ростгароён ва иншиъоби бархе афроди саршинос аз ҳизби Ликуд ба унвони муҳимтарин ҳизби ростгаро дар Исроил мунҷар шуд, афроде, ки аз Ликуд ҷудо шуданд аҳзоби дигар ташкил дода ва сайъ карданд дар рақобат бо Ликуд пирӯз шуда ва пусти нахуствазириро аз Натаняҳу бигиранд. Мутобиқи ин эътилоф қарор буд Натанияҳу барои муддати ду сол нахуствазириро дар ихтиёр дошта бошад ва сипас Гантз дар ду соли баъд ин мақомро дар ихтиёр гирад, аммо Натаняҳу ба ваъдаи худ амал накард ва Кабина фурупошид ва амалан Гантз низ шоҳиди суқути ҷойгоҳи худ дар Исроил буд.
Дар воқеъ, Натаняҳу дар 12 соли гузашта зимни ин, ки ба гунаи амал кард, ки чапгароён шонси расидан ба қудратро дар Исроил аз даст доданд, руқабои машҳур ва барҷастаи худ дар миёни ростгароёнро низ амалан аз қудрат ҳазф кард. Акнун Натаняҳу дар даври ҷадид ҳаракоти худ барои қабзаи комили қудрат, дар саддаи тазъифи дастгоҳи қазоии Исроил баромадааст. Натанияҳу се парвандаи фасод дар низоми қазоии Исроил дорад ва дастгоҳи қазоӣ низ зери фишори сангини Натаняҳу ва ҳомиёнаш барои табрааи вай нарафтааст.
Аз авохири декабр 2022 ки Натаняҳу бори дигар ва пас аз як соли вақфа мақоми нахустивазирии Исроилро дар ихтиёр гирифт, азми ҷидди барои тазъифи дастгоҳи қазо нишон дод. Кабинаи режими саҳюнистӣ ба раёсатии Натаняҳу дар чаҳроруми моҳи январи соли ҷории мелодӣ тарҳе барои ислоҳи низоми қазоии ин режим ироа кард. Натаняҳу, ки аз солҳо пеш ба иттиҳоми фасод, ришва ва хиёнат дар амонат таҳти муҳокимаи қазоӣ қарор дорад. Қасд дорад бо ончӣ онро ислоҳи низоми қазоӣ номида, аз муҳокима фарор кунад. Дар ҳамин ҳол, Натаняҳу касби масуният ва тасвиби қонуни манъи азли вай аз нахуствазирӣ, расман тазъифи дастгоҳи қазоиро, ки танҳо тастгоҳи мустақил дар Исроил маҳсуб мешавад, иҷроӣ мекунад.
Ин иқдомҳои Натаняҳу дар ҳоли ҳачунин идома дорад, ки сарзамини ишғолӣ тайи ҳафтаи ахир шоҳиди эътирозоти густардаи саҳюнистҳо ба ин лоиҳа аст. Беш аз 200 ҳазор нафар дар тазоҳуроти ҳафтаи гузашта алайҳи Натаняҳу ширкат карданд. Муътаризон хостори тавофуқи прусаи тасвиби он дар парлумон ҳастанд зеро ин лоиҳа аз дид онҳо навъе кудато алайҳи дастгоҳи қазоӣ аст.
Бештар бихонед:
- Тадовуми тазоҳурот алайҳи Натанияҳу дар Қудси ишғолӣ
-
Пора кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди Натанияҳу дар Қудс
-
Маҳдуд шудани қудрати Натанияҳу ба далели иттиҳомҳои фасоди молӣ