Солеҳӣ: Эрон нақзкунандаи БАРҶОМ нахоҳад буд
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон нақзкунандаи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) нахоҳад буд, магар ин, ки тарафи муқобил ин корро анҷом диҳад.
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон имрӯз (якшанбе) пас аз дидор бо Юкия Амано, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон, дар нишасти хабарӣ гуфт, гузоришҳое, ки оҷонс токунун дар бораи барномаи ҳастаии Эрон мунташир карда нишон медиҳад, Эрон ба тааҳҳудҳои худ бар асоси БАРҶОМ пойбанд будааст.
Солеҳӣ гуфт, дар сӯҳбат бо Юкия Амано дар бораи мавзуҳои оби сангин, урани ғанӣ шуда, таҳқиқ ва тавсеа гуфтугӯ кардааст.
Вай афзуд, Эрон исрор дорад Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамвора ба унвони як марҷаъи бетараф амал кунад ва гузоришҳои он таҳти таъсир ва нуфузи касе қарор нагирад.
Солеҳӣ ҳамчунин ғанисозии пешронҳоро як баҳси муҳимми фаннӣ донист ва гуфт, бо Амано дар бораи мӯҳтавои фармонҳои раисиҷумҳури Эрон ва пешронҳо гуфтугӯ шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи 13 декабр дар пайи коршикании Амрико дар иҷрои БАРҶОМ, ба раиси Созмони энержии атомии Эрон дастур дод, то барномарезӣ барои тарроҳӣ ва сохти пешрони ҳастаӣ ба манзури баҳрагирӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақли дарёӣ, бо ҳамкории марокизи илмӣ ва таҳқиқоти Эрон анҷом шавад.
Юкия Амано ҳам дар ин нишасти хабарӣ таъкид кард, аз раванди иҷроии БАРҶОМ розӣ аст ва Эрон ба тааҳҳудҳои худ дар ин замина амал кардааст. Мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ бомдоди рӯзи якшанбе барои сафари якрӯза ба даъвати Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон вориди Теҳрон шуд.