Камолвандӣ: Эрон тибқи 15 гузориши ожонс кӯчактарин тахаттӣ аз тааҳҳудоти худ надоштааст
(last modified Wed, 15 Mar 2023 10:07:47 GMT )
Март 15, 2023 15:07 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Эрон тибқи 15 гузориши ожонс кӯчактарин тахаттӣ аз тааҳҳудоти худ надоштааст

Сухангуи Созмони энержии атомӣ, бо баёни инки Эрон тибқи 15 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ кучактарин тахаттӣ (аз ҳад нагузаштан) аз тааҳҳудот худ надошта, таъкид кард: ғанисозии 60 дарсад дар Фурду посухе ба қатъномаи қаблӣ дар Шӯрои ҳукком буд.

Беҳрӯзи Камолвандӣ гуфт, дар гузашта ва дар натиҷаи БарҶом понздаҳ гузориш аз ожонс доштем, ки нишон медод, Эрон кучактарин тахаттӣ аз тааҳҳудоти худ надошт.

Вай афзуд, аврупоиҳо авоил дар баёнияҳои худ аз Амрико ба ин далел, ки аз БарҶом хориҷ шуд, интиқод мекарданд, аммо акнӯн тавре суҳбат мекунанд, ки гӯйи Эрон масъули вазъияти кунунист.

Сухангӯи Созмони энержии атомӣ, дар бораи рӯйкарди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гузоришдиҳояш гуфт, тарҷеҳ медиҳем ончӣ шифоҳӣ мегӯянд, монанди матолиби матраҳ шуда дар ҷаласаи фаннии қаблӣ аз Шӯрои ҳуккомро дар гузориши катбӣ ҳам бинависанд, аммо ин тавр нест.

Камолвандӣ сафари Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Эронро хуб ва ба самти ҳамкориҳои бештар донисту афзуд, дар ин фароянд ҳамкориҳо ва ҳалли масоил як қадам ҷилав рафтем.