Зилзилаи 5 рихтерӣ дар шимолу ғарби Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i99804-Зилзилаи_5_рихтерӣ_дар_шимолу_ғарби_Эрон
Заминларзае ба бузургии панҷ дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин ( Рихтер ) шаҳристони Хуй, устони Озарбойҷони ғарбӣ( шимолу ғарби Эрон)-ро ларзонд .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Март 16, 2023 15:18 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 5 рихтерӣ дар шимолу ғарби Эрон

Заминларзае ба бузургии панҷ дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин ( Рихтер ) шаҳристони Хуй, устони Озарбойҷони ғарбӣ( шимолу ғарби Эрон)-ро ларзонд .

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз Муассисаи ларзанигории донишгоҳи Теҳрон, заминларзаи шаҳристони Хуй, ки дар манотиқе аз устон ба вижаи шаҳри Урумия ҳис шуд, соъати 15-у 17 дақиқа рӯзи панҷшанбе дар умқи 16 километрӣ иттифоқ афтод .

Ахбори такмилӣ дар хусӯси мизони хисороти ин заминларза пас аз дарёфт мунташир хоҳад шуд .
Пештар низ ( 28 январ ) заминларзае ба қудрати 5.9 рихтер шаҳристони Хуй дар устони Озарбойҷони ғарбии Эронро ларзонд, ки се нафар ҷон бохтанд ва ҳудуди ҳазор нафар ҳам захмӣ шуданд.