Рӯҳонӣ: Имзои қонуни зиддиэронӣ муҷиби беэътимодии ҷаҳон ба Амрико аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, иқдомоти ахири Амрико, ба вижа тамдиди қонуни "ICO" муғойир бо Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом ) аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар дидори Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон афзуд, масире, ки Амрико дар қиболи Эрон дар пеш гирифтааст, муҷиби коҳиши эътимоди ҷаҳонӣ ба давлати Амрико хоҳад шуд.
Вай гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд ба ҳамаи абъоди вазоифи худ дар чорчӯби пойдории Барҷом амал кунад ва гузоришҳои ин ниҳоди байналмилалӣ бояд фанниву бетарафона бошад.
Рӯҳонӣ Барҷомро тавофуқе бузург ва таҷрибае мусбат донисту афзуд, Барҷом тавонист аз яксӯ суботу ҳамкории бештареро барои минтақа ба армуғон оварду аз сӯйи дигар таҳримҳои золимонаву нодуруст алайҳи миллати Эронро бартараф кунад.
Вай гуфт, пойдории Барҷом дар гарави пойбандии тамоми тарафҳо ба тааҳҳудоташон аст ва Эрон то замоне, ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоти худ дар Барҷом пойбанд бошанд, ба тааҳҳудоти худ амал хоҳад карду оғозгари нақзи он тааҳҳудот нахоҳад буд.
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ дар ин дидор гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз замони иҷрои Барҷом ба тамоми тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқ ба хубӣ амал кардаасту Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳам бо ҳамаи тавон аз иҷрои он ҳимоят мекунад.
Амоно ҳамчунин итминон дод, дар оянда Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба унвони созмоне бетарафу фаннӣ ба кори худ идома диҳад.