Март 19, 2023 19:47 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Иҷрои тавофуқи амниятии Эрону Ироқ ба тавсеаи равобит суръат мебахшад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, бо иҷрои комили тавофуқномаи амниятӣ миёни Эрону Ироқ тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит, суръат хоҳад гирифт.

Алии Шамхонӣ субҳи имрӯз (якшанбе) ба Бағдод сафар кард ва дар фурудгоҳи ин шаҳр бо Қосим ал-Араҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ дидор кард.
Ба гузориши ИРНА, Шамхонӣ дар ин дидор бо ишора ба талошҳои муштараки ду кишвар барои танзиму ниҳоисозии тавофуқномаи амниятии ҷомеъ тасреҳ кард, бо иҷрои дақиқи ин тавофуқнома, илова бар коҳиши таҳдидоти террористӣ ва ҷилавгирӣ аз эҷоди ноамниҳои марзӣ, заминаҳои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар дар абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, беш аз пеш фароҳам хоҳад шуд.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон  гуфт, сиёсатҳо ва иқдомоти буҳронзои Амрико маншаи аслии ноамнӣ дар минтақа ва Ироқ аст, шайтанатҳои Амрико ҳамчунон идома дораду тадовуми ин раванд, ки мухилли амнияту субот дар минтақа аст қобили таҳаммул намебошад.