Раисӣ: Рушди полоишгоҳи Ободон намоди мо метавонем аст
(last modified Mon, 20 Mar 2023 11:39:42 GMT )
Март 20, 2023 16:39 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Рушди полоишгоҳи Ободон намоди мо метавонем аст
    Раисӣ: Рушди полоишгоҳи Ободон намоди мо метавонем аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ойини баҳрабардони аз гоми дувуми тарҳи рушди полоишгоҳи Ободон таъкид кард: Рушди полоишгоҳи Ободон намоди мо метавонем аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури, Расисӣ имруз дар ойини баҳрабардони аз гоми дувуми тарҳи рушди полоишгоҳи Ободон петруполоишгоҳи Ободонро ҷилваи арзишманд аз мо метавонем донисту гуфт: Ин полоишгоҳ ҷилваи мо мехоҳем, мо медонем ва мо метавонем ва ҷилваи хостан ва тавонистан аст.

  • Раисӣ бо гиромидошти рузи миллии санъати нефт афзуд: Рузи милли шудани нефт рузи таърихи аст, ки дар он дасти бегонагон аз санъати нефт қатъ шуд ва бо ихроҷи неруҳои англис санъати нефт дар Эрон миллӣ шуд.
  • Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт: Тасавури 50 солаи англисҳо ва амрикоиҳо ин аст, ки тавоноӣ ва дониш мутаъалиқ ба онҳо аст ва ҳамвора ин тасавурро нисбат ба миллатҳои дигар доранд, ки ба ҳамин далел бо онҳо таҳқирона бархурд мекунанд ва намехоҳанд бовар кунанд дигарон ҳам медонанд ва ҳам метавонанд.
  • Раисӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон натанҳо дар дохили кишвар балки дар санъати нефти Амрикои Лотинӣ ва Венесуэла, ки бо хуруҷи Амрико дучори мушкили ҷидди шуда буд мувафақиятҳои чашмгири дар бахши фанни ва муҳандисиро ба сабт расонда аст.

Раиси ҷумҳур таъкид кард: Санъати нефти Эрон имруз ба балоғат ва тавонманди дар дониш ва тавонмандии фанни расида аст, ки метавонад ба унвони неруи коромад дар дохил ва хориҷи кишвар маншаи асаргузори бошад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин омодагиро дорад, ки тавонмандиҳои фанни ва муҳандисии худро ба дигар кишварҳо содир кунад.

Раисӣ ҳамчунин гуфт: Душман бо ҳамлаи сойбери ба Вазорати нефт ва хориҷ кардани ҷойгоҳои сухти кишвар дар ҳамон моҳҳои аввали руи кор омадани давлати сездаҳум талош кард бо эҷоди норизоятии фитна дар кишвар эҷод кунад, ки бо иқдомоти ҷиҳоди ин фитна хунсо шуд.