Табрики сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Навруз
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон фарорасидани Навруз ва сароғози баҳорро аз тарафи ҳамаи эрониён ба мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи ақвоми ҳавзаи тамадунии Навруз табрик гуфт.
Муҳаммадтақии Собири, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни паёми ҷашни бостонии Навруз ва сароғози баҳорро аз тарафи ҳамаи эрониён ба мардуми тоҷик ва ҳамаи ақвоми ҳавзаи Навруз табрик гуфт.
Дар ин паём омада аст:
Фарорасинадни иди Наврузи соли 1402 хуршедиро, ки имсол бо талиъаи моҳи мубораки Рамазон моҳи баҳори навсози ва худсозии инсон, баҳори унси бо Худо ва моҳи раҳмат ва мағфирати илоҳи ҳамроҳ астаз тарафи худ ва ҳамаи эрониён ба мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони тоҷик ва ҳамаи мардумоне, ки иди Наврузро гироми медоранд ва онро ҷашн мегиранд самимона табрик ва шодбош арз менамоем.
Имсол хушбахтона шоҳиди иттифоқот ва таҳавулоти бисёри хуби дар равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон будаем ва умедворем бо лутфи парвардигор ва дар партави иродаи мақомоти оли дар соли ҷадид низ равобити ин ду кишвари тамадунсоз беш аз пеш рушд ёбад.
Хушбахтона иқдомоти хуби дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муаррифии Навруз сурат гирифта аст вале боз ҳам ҷои талоши бештар дар муаррифии ин меъроси маънавии ниёконамон вуҷуд дорад.
Бояд аз зарфияти Навруз ба унвони як амали ваҳдат ва таваҷҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастаги ба манзури ҳар чи наздиктар шудани ду кившари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард.
Бо иғтиноми фурсат дар соли нав аз даргоҳи Парвардигори бузург барои ҳамагон саломати, комравоӣ ва мувафақият талаб менамоям.