Март 21, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Барномаи аслии давлат дар соли 1402 маҳори таварум аст
    Раисӣ: Барномаи аслии давлат дар соли 1402 маҳори таварум аст

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи аслии давлат дар соли 1402-ро маҳори таварум ҳамроҳ бо рушди пойдори иқтисодӣ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар паёми наврузи ба миллати Эрон бо табрики фарорасидани соли 1402 ва ҳамзамонии навруз бо моҳи мубораки Рамазон гуфт: Соли 1401 соли бур ҳодиса буд ҳам талх ва ҳам ширин ҳам фароз дошту ҳам нишеб, аммо агар бихоҳем дар як ҷумла бигуем соли 1401 соли қудрати мардум ва қаҳрамонии миллати Эрон ва дурахшиш дар майдонҳои сарнавиштсоз буд.

Раисӣ таъкид кард: Ба мардуми азизамон этминон медиҳам дар соли нав тамоми талоши ходимони шумо дар давлат барои таҳаққуқи ваъдаҳо аз ҷумла беҳбуди маъишати мардум, фасодситези, маҳори таварум, тақвияти тавлид ва афзоиши иштиғоли бевақфа ва шабонарузи хоҳад буд.

Вай дар идома бо баёни ин ки дар бахши сиёсати хориҷӣ руйкарди давлат аз аввал дипломосии мутавозин ва эҳёи сиёсати ҳамсояги ва минтақагароӣ буд гуфт: Соли 1401 соли самар донаи ин сиёсат буд албата аз ҳамон шаҳривари соли 1400 барномаҳо ва рафтуомадҳои мо дар ҳамин чорчуб оғоз шуд, аммо натиҷаҳои он дар соли 1401 барои мардуми азизамон равшан шуд.

Вай яке аз вижагиҳои аз вижагиҳои муҳими назми ҷадиди ҷаҳонӣ интиқоли қудрат ба қораи бузурги Осиё донисту таъкид кард: Нақш ва ҳежмунии Амрико дар дунё ру ба уфул аст.