Канъонӣ Амрико салоҳияти сухан гуфтан дар бораи ҳуқуқи башарро надорад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Амрико ҳеч салоҳияте барои сухан гуфтан аз арзишҳои волои ҳуқуқи башр дар дигар кишварҳоро надорад.
Ба гузориши Садои Хуросон Носири Канъонӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, мафоди гузориши солонаи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар хусуси вазъияти ҳуқуқи башар дар Эронро дорои моҳият ва ангезаи сиёсӣ ва баромада аз рӯйкарди мудохилаҷӯёнаи режими Амрико дар умури дохилии кишварҳои мустақил хонд ва афзӯд, ин гузориш ҳеч гуна марҷаъияте барои қазоват ва арзишгузори нисбат ба мақулаи волои ҳуқуққи башар дар муносиботи байналмиллалӣ надорад.
Канъонӣ бо таъкид бар ҷойгоҳи рафеъ ва аҳамият ва асолати ҳуқуқи башар дар қонунуи асосӣ ва дигар қавонин ва муқарароти миллии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва низ эҳтиром ба Эрон ба таъаҳудоти байналмиллалии худ дар ин замина тасреҳ кард, ҳеч интизоре аз режими салтаталаби Амрико баро ибаёни ҳақоиқ ва воқеъиятҳои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон намеравад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷ аз Амрико изҳор кард, Амрико риёкорона дар ҳоле худро муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар медонад, ки мардуми Эрон медонанд, ки бо анвоъи таҳримҳои золимона, ғайри қонуни ва якҷониба алайҳи миллати Эрон, ба таври низоманди машғули нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар лайҳи миллати Эрон аст ва илова бар он, бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ алайҳи мардуми Эрон истодааст.