Декабр 19, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Роҳи ҷилавгирӣ аз вуруд ва нуфузи диишиҳо ба Осиёи Марказӣ

Коршиносони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ муътақиданд, ки бо шикастҳои ахири гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҷангҷуёни аҳли кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бозгашт ба ин ҷумҳуриҳо талош хоҳанд кард ва барои ҷилавгирӣ аз нуфузи онон, боздошт ва зиндон кофӣ нест.

Ба иттилои Спутник, Андрей Медведев, мудири Маркази пажуҳишии тамоси сиёсӣ дар Русия бар ин бовар аст, ки яке аз решаҳои аслии гароиши ҷавонон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ДИИШ, фақр, бекорӣ ва фасоди густарда дар идороти давлатӣ ва пойбанд набудани мақомҳои ҳукуматӣ ба қавонини ин ҷумҳуриҳост, ки бояд барои ислоҳи ин вазъ талош кард .

Аммо Андрей Кузнетсов, мудири Маркази пажуҳишии донишгоҳи равобити байналмилалии вобаста ба Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид мекунад, дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар муқоиса бо соири ҷумҳуриҳои минтақа авзои иқтисодии номатлубтаре доранд, бештари шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳи ДИИШ пайвастаанд, омили молиро ангезаи худ қарор додаанд .

Аз сӯи дигар Шарбат Содиқов, коршиноси тоҷик ва корманди Маркази пажуҳишии донишгоҳи равобити байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз нуфузи андешаҳои гурӯҳи такфирии ДИИШ, иқдомоти таблиғотии пешдастона муҳим аст ва на боздошту зиндонӣ кардани ин афрод.

Вай фаъолияти радиои вобаста ба ДИИШ мавсум ба "Хилофат"-ро, ки аз Афғонистон пахш мешавад, барои Тоҷикистон ва Туркманистон хатарнок медонад .

Аз дидгоҳи коршиносони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ифшо кардани манобеи молӣ ва шиносоии мубаллиғони гурӯҳи такфирии ДИИШ ва иртиботи онон бо ҳастаҳои ин созмон дар хориҷ муҳим аст ва танҳо боздошту зиндонӣ кардани аъзои фиребхурдаи ин гурӯҳ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд .