Март 26, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  • Вуруди гардишгарони Эрон ба Туркманистон ба муносибати Наврӯз

Раллии гардишгарии «пайкҳои паёмовари Наврӯз», конуни ҷаҳонгардӣ ва автомобилронии Эрон, ба Туркманистон расид.

Раллии гардишгарии «пайкҳои паёмовари Наврӯз» конуни ҷаҳонгардӣ ва автомобилронӣ, ки дар масири Эрон - Туркманистон - Узбекистону Тоҷикистон дар ҳаракат аст, рӯзи шанбе ҳамзамон бо даҳумин рӯзи паймоиши худ, ба Туркманистон расид.

Ба гузориши равобит умумии конуни ҷаҳонгардӣ ва автомобилронӣ, раллии тури фарҳангӣ ва гардишгарии пайкҳои паёмовари Наврӯз, ки барои аввалин бор бо ширкати 28 худрав ва корвон бо ҳузури аъзои хонаводаҳои эронӣ аз устонҳои мухталифи кишвар дар ҳоли баргузорист, ҳамзамон бо барпоии ҷашнҳои наврӯзӣ дар кишварҳои масир аз тариқи марзи Боҷгирон дар устони Хуросони Разавӣ вориди кишвари Туркманистон шуд

Корвонҳои эронӣ дар масири роҳи Абрешим, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таъсири ин рӯйдоди байналмилалӣ дар таҳкими равобити кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистону Эрон ва ба воситаи муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва тамаддунии ин кишварҳо оғоз шудааст.

Дар тули масири ҳаракати ин пайкҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва ойини иҷро ва ширкаткунандагон дар тур аз ҷозибаҳои табиӣ, гардишгарӣ, бостонӣ ва таърихии кишварҳо ва шаҳрҳои мақсади худ боздид мекунанд.

Тарвиҷи сафарҳои заминӣ ва масъулона, тавсеаи фаъолиятҳои автомобилронӣ, эҷоди шӯру нишоти иҷтимоӣ, ташвиқи умум ба риояти қавонину муқаророти роҳнамоӣ ва ронандагӣ, тарвиҷи фарҳанги ронандагии эмину эҷоди ҳиси дӯстӣ, меҳрубонӣ, иттиҳоду якпорчагӣ миёни миллатҳои ҳавзаи ҷашни Наврӯз аз муҳимтарин аҳдофи баргузарии ин тури гардишгарии пайкҳои паёмовари Наврӯз аст.

Раллии байналмилалии Персеполис – Акрополис аз Шероз то Афина, раллии байналмилалии пайкҳои паёмовари наврӯзӣ аз Эрон дар масири Туркманистон, Узбекистону Тоҷикистон ду раллии турист, ки дар баҳор баргузор мешавад.

Раллии сеюм бо ҳузури кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва дарёи Хазар баргузор мешавад.

 

Барчасп