Март 30, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба ватан
    Бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба ватан

Дар идомаи бозгашти муҳоҷирини афғонистонӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон, 1963 муҳоҷири дигар аз тариқи поёнаи марзии Исломқалъаи вилояти Ҳирот ба кишварашон бозгаштанд.

Беш аз чаҳор даҳа ҷангу ишғолгарӣ мӯҷиби муҳоҷирати ҳудуди ҳафт миллион шаҳрванди афғонистонӣ шудааст. Ба далели иштирокоти фарҳангиву ҳамҷаворӣ, беш аз ниме аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Покистону Эрон зиндагӣ мекунанд.

Дар моҳҳои ахир бо тавваҷуҳ ба амнияти нисбӣ дар Афғонистон, раванди бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Покистону Эрон ба кишварашон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садои афғон”, Вазорати муҳоҷирини давлати муваққати Толибон рӯзи чаҳоршанбе бо таъйиди бозгашти ҳудуди 2000 муҳоҷир аз Эрон дар рӯзҳои ахир эълом кард, бо кумаки Созмони Милал ба ин даста аз муҳоҷирон кумакҳои ғизоиву нақдӣ эъто мешавад.

Бар асоси оморҳои Вазорати муҳоҷирини ҳукумати муваққати Толибон, дар як соли ахир беш аз 80 ҳазор муҳоҷир аз Эрону Покистон дубора ба Афғонистон баргаштаанд.

 

Барчасп