Тасмими Қазоқистон барои коҳиши тавлиди нефт
Қазоқистон ба ҳамроҳи дигар кишварҳои узви Опек+ тавлиди нефти худро аз моҳи майи соли 2023 коҳиш медиҳанд.
Кишварҳои узви Опек+ эълом карданд бо ҳадафи ҳимоят аз суботи бозор довталабона тавлиди нефти худро аз моҳи май то поёни соли 2023 коҳиш хоҳад дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати энержи Қазоқистон эълом кард ин кишвар дар назар дорад тавлиди нефти худро то поёни соли ҷорӣ 78 ҳазор бушка дар руз коҳиш диҳад.
Бар асоси эъломи Вазорати энержи Қазоқистон тасмим барои коҳиши тавлиди нефт як иқдоми пешгирона бо ҳадафи ҳифзи суботи бозори нефт аст, ки дар чорчуби мусаваботи сивусевумин нишасти вазирони Опек+ дар 5 октиябри соли 2022 анҷом мешавад.
Кишварҳои узви Опек+ дар нишасти худ эълом карданд бо ҳадафи ҳимоят аз суботи бозор мизони тавлиди рузонаи худро 1 миллиону 150 ҳазор бушка коҳиш медиҳанд.
Қарор аст ин коҳиши довталабона ғайримунтазира аз моҳи май соли ҷори оғоз шавад ва то поёни сол идома дошта бошад.