Эъломи таърихи аввалин ҷаласаи порлумони нави Туркманистон
Намояндагони порлумони ҷадиди Туркманистон шашуми апрел ташкили ҷаласа медиҳанд.
Интихоботи порлумонии Туркманистон 26 март бо мушорикати 91.12 дарсади дорандагони шароит барои ширкат дар раъйгирӣ баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ба дастури Сардор Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳӯрии Туркманистон намояндагони порлумони ҷадиди Туркманистон шашуми апрел дар аввалин ҷаласаи расмии худ раиси ҷадиди ин ниҳоди қонунгузорро интихоб мекунанд .
Раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар бахшномаи худ зимни таъйини таърихи аввалин ҷаласаи порлумон аз намояндагон хост ҳар чи зудтар вазоифи худро оғоз кунанд.
Дар интихоботи порлумонии Туркманистон 258 номзад аз аҳзоби Демократ, саноъатгарону корофаринон, кишоварзӣ ва ҳамчунин гуруҳҳо ва номзадҳои мустақил бо якдигар ба рақобат пардохтанд ва дар ниҳоят 125 нафар роҳии порлумон шуданд .