Мақомоти Афғонистон: Ба муоҳидаи об бо Эрон мутааҳҳид ҳастем
Вазорати энержӣ ва оби давлати муваққати Толибон дар Афғонистон эълом кард, танҳо бо Эрон муоҳидаи об дорем ва ба он низ мутааҳҳид ҳастем.
Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 (1351 ҳиҷрии шамсӣ) ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудӯди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад, аммо ин муоҳида ҳанӯз иҷро нашудааст. Бо рӯи кор омадани давлати муваққати Толибон дар Афғонистон аз 15 августи 2021, ин давлат борҳо бар пойбандӣ ба муоҳидаи Ҳирманд, дар хусӯси ҳаққобаи Эрон таъкид кардааст.
Рафеуллоҳ Станакзай, раиси Идораи барномарезии вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон дар Афғонистон рӯзи сешанбе, бо ташреҳи барномаҳои ин вазоратхона барои иҷрои тарҳҳои обрасонӣ дар кишвар, таъкид кард, Афғонистон танҳо бо Эрон муоҳидаи об дорад ва ба ин муоҳида низ мутааҳҳид аст.
Вай афзуд, бо эҳдоси садҳои мухталиф, каналҳои обёрӣ ва интиқоли об аз рӯдхонаи Панҷшер ба Кобул, бахши муҳимме аз мушкилоти обии кишвар дар шаҳрҳои бузург монанди Кобул, пойтахт ҳал хоҳад шуд.