Апрел 16, 2023 09:37 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев муҳимтарин вазифаи давлати Узбакистон таъомул бо ҷавонон аст
    Мирзиёев муҳимтарин вазифаи давлати Узбакистон таъомул бо ҷавонон аст

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон гуфт: Муҳимтарин вазифаи давлат таъомул бо ҷавонон ва мушорикати ин қишри аз ҷомеъа дар умури кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар нишасти видеои ба мавзуъи афзоиши короӣ иқдомоти анҷомшуда дар умури ҷавонон ишора ва дар ин замина баён кард: Кор бо ҷавонон муҳимарин вазифаи ҳамаи мақомот аст.

Мирзиёев изҳор дошт: Ҳамакнун дар кишвари мо беш аз 19 миллион ҷавони зери 30 сол зиндаги мекунанд, ки онҳо 55 дарсади кулли ҷамъиятро ташкил медиҳанд акнун солона 600 ҳазор ҷавон вориди бозори кор шуданд ва дар 10 соли оянда ин шохис ба 1 миллион нафар хоҳад расид бино бар ин бояд ба омузиши бо кайфият ва иштиғоли ҷавонон таваҷуҳи хос шавад.

Раиси Ҷумҳурии Узбакитон афзуд: Танҳо дар соли гузашта 350 миллиону 321 ҳазор доллар эътибор барои корофаринии ҷавонон ихтисос доданд ва 150 ҳазор тарҳи роҳандози ва 325 ҳазор шуғл эҷод шуд.

43 ҳазор гектар замини зери кишт рафт, ки барои 435 ҳазор ҷавон фурсати шуғли эҷод шуд.