Апрел 16, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории давоздаҳумин даври ройзаниҳои сиёсии Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ
    Баргузории давоздаҳумин даври ройзаниҳои сиёсии Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ

Давоздаҳумин даври ройзаниҳои сиёсии кишварҳои Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ дар шаҳри Остона баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раёсати ҳайати қазоқистониро Конот Тумиш муовини вазири хориҷа ва ҳайати кореяиро Чу Юнг Сом муовини вазири хориҷа дар умури сиёсии ин кишварро бар уҳда дошт.

Дар ин ройзаниҳо чашмандози ҳамкории Қазоқистон ва Кореяи ҷанубӣ дар чорчуби форматҳои дуҷониба ва чандҷониба мавриди баҳсу барраси қарор гирифт ва ҳамчунин назарот дар мавриди мавзуъоти асли дар дастури кори байналмилали ва минтақаӣ баён шуд ҳамчунин дар ин ройзани таваҷуҳи махсус ба барномаи руйдодҳои дуҷониба дар сатҳи олии оянда шуд.

Дар поёни ин дидор тарафайн бар идомаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазоратхонаҳои хориҷа тавофуқ карданд. Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ яке аз шарикони иқтисодии муҳими Қазоқистон аст.

Соли гузашта арзиши табодулоти тиҷории Кореяи ҷанубӣ ва Қазоқистон 6.1 миллион доллар буд.