Декабр 20, 2016 12:07 Asia/Dushanbe
  • Интишори рӯзномаи чаҳорзабона - вижаи занони Осиёи Марказӣ дар Русия

Нахустин шумораи рӯзномаи "Гул", вижаи занони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чаҳор забони тоҷикӣ, ӯзбакӣ, русӣ ва қирқизӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунташир шуд.

Ба гузориши сайти Фарғона, ҳадаф аз интишори ин нашрия пардохтан ба зиндагии занони муҳоҷир, посух ба пурсишҳои онон, кӯмак ба онон дар ёфтани кор ва маҳалли иқомат, расидагӣ ба мушкилоти хонаводаҳо ва ироаи хадамоти мушовираи ҳуқуқӣ аст.

 Юлия Олимова, поягузори рӯзномаи "Гул" таъкид кардааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таркиби мухталифе аз ҷавомеи занони тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ зиндагӣ мекунанд.

Олимова бо баёни ин ки дар миёни муҳоҷирони қирғиз теъдоди коргарони зану мард тақрибан баробар аст, афзуд, ин таносуб дар миёни коргарони муҳоҷири узбакистонӣ ва тоҷикистонӣ ба нафъи мардҳост.

 

Барчасп