Апрел 20, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи ҳастаӣ ; меҳвари машварати Қазоқистону Ожонси энержии атомӣ

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар мавриди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар кишвараш гуфтугу кард .

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Остона, Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон дар гуфтугу бо Рафаэл Гросси- мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт : Сафари Шумо аз назари пешрафт дар тавсеаи равобити мо саривақтӣ асту ҳамкорӣ бо ожонс як авлавият барои Қазоқистон аст .
Ҳамчунин дар ин дидор бахши густардае аз мавзӯъот аз ҷумлаи тақвияти ҳамкориҳои фаннӣ ва сохти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ дар Остона мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар идома бар нақши пешрави Ожонс дар истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ ва тақвияти режими эминиии ҳастаӣ таъкид кард.
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ аз нақши Қазоқистон ба унвони яке аз раҳбарону мушорикаткунандагони масъӯл дар раванди халъи силоҳи ҳастаӣ ва адами густариши силоҳҳои ҳастаӣ қадрдонӣ кард .
Минтақаи Алмати ба унвони макони аввалия барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон интихоб шуд .

 

Барчасп