Райгири барои ислоҳоти қонуни асосии Узбакистон
Мардуми Узбакистон имруз якшанбе барои ширкат дар интихоботе, ки дар он ислоҳоти қонуни асоси дар ин кишвар ба рай гузошта шуда аст ба пои сандуқҳои рай мераванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон агарчи ислоҳоти ҷадиди қонуни асосии Узбакистон давраҳои пай дар пайи раёсати ҷумҳуриро ба ду давра маҳдуд мекунад, аммо мақомот гуфтанд, ки дар сурати тасвиби ин ислоҳот теъдоди давраҳои қаблии раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзиёев нодида гирифта хоҳад шуд.
Ин ислоҳот ҳамчунин давраи раёсати ҷумҳури дар ин кишварро аз 5 сол ба 7 сол афзоиш медиҳад, ки дар амал ба Мирзиёев иҷоза медиҳад то соли 2040 дар раёсати кишвари 35 миллион нафарии Узбакистон боқи бимонад.
Ин ислоҳоти қонуни асоси Узбакистонро як давлати иҷтимоъӣ бо афзоиши таъаҳудоти рифоҳи эълом мекунад ва иҷозаи моликияти замини ғайрикишоварзиро ба афрод медиҳад.