Тамдиди муҳлати сабти номи атбои хориҷӣ дар Қирғизистон
Қирғизистон шаҳрвандони 92 кишварро аз сабти ном дар идораи гузарнома дар панҷ рӯзи аввали вуруд ба ин кишвар озод кард.
Ба гузориши сайти "Ахбор", Тоҷикистон ва Эрон низ дар ин феҳристи давлати Бишкек қарор доранд.
Бар ин асос шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон барои 60 рӯз ва шаҳрвандони Эрон дар 8 рӯзи аввали вуруд ба ин кишвар ҳақ доранд бидуни сабти ном дар идораи гузарномаи Қирғизистон дар ин кишвар зиндагӣ кунанд.
Пеш аз ин қонуни сабти номи хориҷиён дар Қирғизистон шаҳрвандони хориҷиро муваззаф мекард то дар 5 рӯзи аввали вуруди худ ба ин кишвар дар идораи гузарнома сабти ном кунанд.
Ширкатҳои гардишгарӣ ба ин қонун муътариз буданд ва онро бар хилофи манофеи гардишгарӣ дар Қирғизистон медонистанд.